МАҚБАРАИ ХОҶАМАШҲАД БАРҚАРОР КАРДА ШУД
Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Яке аз ёдгориҳои қадимтарини фарҳангии Тоҷикистон мақбараи Хоҷамашҳад, ки дар ноҳияи Шаҳритус воқеъ аст, пурра барқарор карда шуд ва зиёраткунандагони аввалинро қабул кард. Маросими ифтитоҳи мақбара 6 июл бо иштироки сармутахассиси шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг Шералӣ Ҳоҷиев, раиси ноҳияи Шаҳритус Холмурод Раҳмонов, сафири ИМА дар Тоҷикистон Кеннет Кросс ва намояндагони зиёиёни мамлакат баргузор гардид. Мақбараи Хоҷамашҳад бо кӯмаки молиявии сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон барқарор карда шуд. Сафири ИМА зикр намуд, ки барои барқарор сохтани мақбара 106 ҳазор доллари ИМА сарф шуд. Аз рӯи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, мақбараи мазкур дар асри 9 сохта шудааст ва дар вақташ яке аз марказҳои асосии ташвиқу тарғиби ислом дар минтақа ба шумор мерафт. Бояд гуфт, ки бинои мақбара ва мадрасаи он бо мурури замон қариб тамоман хароб гардида буданд. Танҳо деворҳои бузурги онҳо боқӣ монда буданду халос. Мадрасаи дар назди мақбара сохташуда дар асри 10 яке аз марказҳои калонтарини таълимӣ ба шумор мерафт. Шогирдони он таърих, адабиёт, ҷуғрофия, ситорашиносӣ ва дини исломро меомӯхтанд. Дар байни донишҷӯни мадраса шоир, мутафаккир ва сайёҳи бузурги тоҷик Носири Хисрав ҳам буд. Дар дохили мақбара якчанд қабр мавҷуд аст. Аз рӯи баъзе маълумотҳои таърихӣ дар ин қабрҳо тарғиботчиёни аввалини дини ислом дафн карда шудаанд. Онҳоро муғулҳо дар асри 13 ба қатл расонида, дар ин ҷо дафн кардаанд. Ҳамаи бино бо хишт сохта шудааст. Нақшу нигори деворҳои он низ аз хишт буда, гуногунранг ва гуногунмазмун мебошанд. Дар маросими ифтитоҳи мақбара имом – хатиби масҷиди «Ҷорҷтом» — и Вашингтон Яҳё Ҳиндӣ иштирок дошт. Вай дар бораи аҳамияти чунин осори таърихӣ ва нақши онҳо дар пайванд сохтани равобити гузаштаю имрӯза ва имрӯзаю оянда сухан ронд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон, мақбараи Хоҷамашҳад ба рӯйхати ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон дохил карда шудааст.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






