МАҶЛИСИ ГУРӮҲИ КОРИИ МУШТАРАКИ ҶТ ВА РУСИЯ

Июль 7, 2010 16:15

Сочи,  7 июл. (АМИТ «Ховар»). —  Корманди  Хадамоти  муҳоҷирати  Вазорати  корҳои  дохилии  Тоҷикистон дар  Федератсияи  Русия  Олга  Сенчук ба   АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки дар  шаҳри  Сочии  кишвари Краснодар  маҷлиси  навбатии   панҷуми  гурӯҳи  муштараки  кории  Тоҷикистон  ва  Русия  дар  масъалаи  муҳоҷирати  меҳнатӣ  баргузор  гардид. Маҷлис  дар  доираи  Созишномаи  ҳукуматҳои  Тоҷикистону  Русия   дар  бораи  фаъолияти  меҳнатӣ ва ҳифзи  ҳуқуқи  шаҳрвандони  Русия  дар  Тоҷикистон  ва фаъолияти  меҳнатию ҳифзи  ҳуқуқи  шаҳрвандони  Тоҷикистон  дар  Русия  гузаронида шуд. Дар  маҷлис  мутахассисони Хадамоти  муҳоҷирати  ВКД Тоҷикистон таҳти  роҳбарии  сардори Хадамоти  мазкур  Сафиаллоҳ  Девонаев  ширкат  варзиданд. Дар  муҳокимаи  масъалаҳои  рӯзнома  намояндагони  Хадамоти  муҳоҷирати  Федератсияи  Русия,  маъмурияти   хишвари  Краснодар  ва  шаҳри  Сочи  иштирок  намуданд.  С.Девонаев  баъди  маҷлис   бо  раиси  шаҳри  Сочи  Анатолий  Николаевич  Пахомов  ва  муовини  сардори  Раёсати  корҳои  дохилии  шаҳр  Александр  Павлович  Бирилло  мулоқотҳо  анҷом  дод. Ҳадафи  маҷлис   муқаррар  намудани   нақшаҳои  стратегии  ҳамкорӣ,  амалӣ  сохтани  пешниҳодҳои  ҳар  ду  ҷониб дар  масъалаи  муҳоҷирати  меҳнатӣ  ва  ҳифзи  ҳуқуқи  шаҳрвандони  Тоҷикистону  Русия  дар  мамлакатҳои  ҳамдигар  мебошад. Иштирокчиёни  маҷлис  баъди  анҷоми  он  ҷараёни  сохтмони  иншоотҳои  варзиширо   дар  шаҳри  Сочи  аз  назар  гузарониданд, ки  ба  истиқболи  бозиҳои  олим пии  соли  2014  сохта  мешаванд.  Роҳбарони  масъули   идораҳои  сохтмонӣ  дар  бораи   муҳоҷирони  меҳнатии  тоҷик  бо  ҳисси  эҳтиром  сухан  ронда,   ба  меҳнатдӯстӣ,  боинтизомӣ ва  хушахлоқии  онҳо  баҳои  баланд  доданд.    

Июль 7, 2010 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст