МАҶЛИСИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СААД ОИД БА ПРОБЛЕМАҲОИ АФҒОНИСТОН

Июль 16, 2010 12:24

Москва, 16 июл. (АМИТ «Ховар» Ҳалима Хушқадамова). – 13 июл дар шаҳри Маскав ҷаласаи даҳӯми гурӯҳи корӣ дар масъалаи Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муншии умумии СААД Н. Бордюжа, ҳамоҳангсозони миллӣ дар масъалаи Афғонистон, намояндагони ваколатдор  ва коршиносони давлатӣ-аъзо СААД иштирок доштанд.               Зимни мубодилаи афкор дар мавриди вазъияти Афғонистон ва дурнамои рушди он мураккабии авзои ин кишвар ва нооромиҳои ҳамарӯзаи он зикр гардид. Николай Бордюжа қайд кард, ки «зиёд намудани теъдоди доираи низомиёни хориҷие, ки дар қаламрави Афғонистон дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратии Афғонистон амалиёт мегузаронанд, ҳанӯз ҳам қочоқи маводи мухаддир ва таҳдиди паҳншавии терроризму эксремизмро кам накардааст».                                                                 Муншии умумии СААД Н. Бордюжа зикр кард, ки «торафт афзоиш ёфтани истеҳсоли маводи нашъадор дар Афғонистон ва бо роҳи қочок паҳн гардидани он дар мамлакатҳои ҷаҳон сабаби ташвиши ҷиддӣ гардидааст.Ин зуҳуроти номатлуб амалан ба сулҳи байналмилалӣ ва амнияти мамлакатҳо таҳдид менамояд», — гуфт вай. Иштирокчиёни маҷлис чунин мешуморанд, ки сиёсати пешгирифтаи ҳукуматдорони Афғонистон дар бобати мусолиҳаи миллӣ ва ба ҳаёти осоишта ҷалб намудани аъзои ҷунбиши Толибон дар заминаи тадриҷан гузоштани масъулияти таъмини амният дар мамлакат ба зиммаи  мақомоти қудратии Афғонистон ва аз қаламрави он баровардани низомиёни хоричӣ натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Иштирокчиёни маҷлис аҳамияти калони ҳамоҳанг сохтани ҷидду ҷаҳди давлатҳои аъзои СААД дар масъалаи Афғонистон аз ҷумла дар бобати тақвияти мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуби аз қаламрави Афғонистон паҳншаванда, инчунин зарурати ба роҳ мондани ҳамкории созмонро бо ташкилот дигари байналхалқӣ таъкид намуданд. Тавре маълум аст, 20 июли соли равон дар Кобул барои муҳокимаи проблемаҳои Афғонистон Конфронси байналмилалӣ гузаронида мешавад. Яке аз мавзӯъҳои асосии рӯзномаи Конфронс муносибати давлатҳои аъзои СААД ба масъалаҳои ҳамкорӣ барои ба эътидол овардани вазъияти мамлакат мебошад. Мубодилаи иттилоот дар бораи ҳамлу нақли қувваҳои низомӣ ва молҳои зарурӣ барои дастгирии Қувваҳои байналмилалии мусоидат ба таъмини амнияти Афғонистон нишон дод, ки мусоидат бо қувваҳои мазкур ҳамчун саҳми давлатҳои аъзои созмон барои мӯътадил гардонидани вазъияти мамлакат баррасӣ мегардад.

Июль 16, 2010 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад