МАҶЛИСИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СААД ОИД БА ПРОБЛЕМАҲОИ АФҒОНИСТОН
Москва, 16 июл. (АМИТ «Ховар» Ҳалима Хушқадамова). – 13 июл дар шаҳри Маскав ҷаласаи даҳӯми гурӯҳи корӣ дар масъалаи Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муншии умумии СААД Н. Бордюжа, ҳамоҳангсозони миллӣ дар масъалаи Афғонистон, намояндагони ваколатдор ва коршиносони давлатӣ-аъзо СААД иштирок доштанд. Зимни мубодилаи афкор дар мавриди вазъияти Афғонистон ва дурнамои рушди он мураккабии авзои ин кишвар ва нооромиҳои ҳамарӯзаи он зикр гардид. Николай Бордюжа қайд кард, ки «зиёд намудани теъдоди доираи низомиёни хориҷие, ки дар қаламрави Афғонистон дар якҷоягӣ бо мақомоти қудратии Афғонистон амалиёт мегузаронанд, ҳанӯз ҳам қочоқи маводи мухаддир ва таҳдиди паҳншавии терроризму эксремизмро кам накардааст». Муншии умумии СААД Н. Бордюжа зикр кард, ки «торафт афзоиш ёфтани истеҳсоли маводи нашъадор дар Афғонистон ва бо роҳи қочок паҳн гардидани он дар мамлакатҳои ҷаҳон сабаби ташвиши ҷиддӣ гардидааст.Ин зуҳуроти номатлуб амалан ба сулҳи байналмилалӣ ва амнияти мамлакатҳо таҳдид менамояд», — гуфт вай. Иштирокчиёни маҷлис чунин мешуморанд, ки сиёсати пешгирифтаи ҳукуматдорони Афғонистон дар бобати мусолиҳаи миллӣ ва ба ҳаёти осоишта ҷалб намудани аъзои ҷунбиши Толибон дар заминаи тадриҷан гузоштани масъулияти таъмини амният дар мамлакат ба зиммаи мақомоти қудратии Афғонистон ва аз қаламрави он баровардани низомиёни хоричӣ натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Иштирокчиёни маҷлис аҳамияти калони ҳамоҳанг сохтани ҷидду ҷаҳди давлатҳои аъзои СААД дар масъалаи Афғонистон аз ҷумла дар бобати тақвияти мубориза ба муқобили зуҳуроти номатлуби аз қаламрави Афғонистон паҳншаванда, инчунин зарурати ба роҳ мондани ҳамкории созмонро бо ташкилот дигари байналхалқӣ таъкид намуданд. Тавре маълум аст, 20 июли соли равон дар Кобул барои муҳокимаи проблемаҳои Афғонистон Конфронси байналмилалӣ гузаронида мешавад. Яке аз мавзӯъҳои асосии рӯзномаи Конфронс муносибати давлатҳои аъзои СААД ба масъалаҳои ҳамкорӣ барои ба эътидол овардани вазъияти мамлакат мебошад. Мубодилаи иттилоот дар бораи ҳамлу нақли қувваҳои низомӣ ва молҳои зарурӣ барои дастгирии Қувваҳои байналмилалии мусоидат ба таъмини амнияти Афғонистон нишон дод, ки мусоидат бо қувваҳои мазкур ҳамчун саҳми давлатҳои аъзои созмон барои мӯътадил гардонидани вазъияти мамлакат баррасӣ мегардад.








Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ раванди корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ пурзӯр карда мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






