МАРҲАБО БА БАЗМИ ШЕЪРУ СУРУД ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ!

Июль 12, 2010 12:03

Душанбе, 12 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба ифтихори 20 –умин солгарди Ҷашни истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 июл дар Боғи ботаникии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандон ва дастаҳои ҳунарии  шӯъбаи фарҳанги ноҳия баргузор мегардад. Назар ба иттилоъи  мудири шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор Нуралӣ Мирзоалиев, инчунин дар ин рӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ ташкил карда шуда, бо мақсади фаровон гардонидани дастархони сокинони пойтахт навъҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, ки дастранҷи деҳқонони ноҳия мебошанд,  ба намоиш ва фурӯш гузошта мешаванд. Дар мавриди рушди фаъолияти муассисаҳои фарҳангии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокию фарҳанги аҳолӣ,  Нуралӣ Мирзоалиев афзуд, ки маҳз бо иқдомот ва  дастгирии Раиси ноҳияи Ҳисор Баҳриддин Солеҳов  ва соҳибкорони ноҳия Боғи марказии фарҳангу фароғатии ноҳия ободтар гардида, дар он воситаҳои дилхушкунанда, аз ҷумла, чархофалаку бодпаракҳо насб карда шуданд. Алҳол,  дар назди шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор Филармонияи халқии ба номи Тоҷиддин Муҳиддинов, мактаби ҳунарии ба номи Саид Ҳамроев, Театри халқӣ ва 11 марказҳои фарҳангӣ, ки  дар ҷамоати деҳоти ноҳия ташкил карда шудаанд, фаъолият менамоянд.

Июль 12, 2010 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!