МАРКАЗҲОИ НАВИ БУДУБОШИ МАЪЮБОН

Июль 10, 2010 09:31

Душанбе, 10 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ ва  масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии оила ва кӯдаки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар ҷумҳурӣ барои будубоши рӯзона  ва нигоҳубини маъюбон ва калонсолон 4 маркази минтақавӣ ва 3 марказ барои кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд таъсис дода шудааст. Ҳамчунин дар назар аст, ки дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон   барои 100 нафар касалиҳои  беморони  рӯҳӣ хона – интернат кушода  шавад. Оид ба татбиқи чорабиниҳои зикршуда ва беҳтар кардани вазъи иҷтимоию моддии маъюбону пиронсолон нақши вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ хеле калон аст.  Дар ин самт мавқеи ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбон, кару гунг  ва нобиноён, Шӯрои ветеранҳои ҷумҳурӣ низ назаррасанд. Ҳамкории вазорат бо ин ташкилотҳо хеле самарабаш ба роҳ монда шудааст. Қобили тазаккур аст, ки дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон» ҷамъиятҳои маъюбон бевосита иштирок намуданд.

Июль 10, 2010 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд