МАШВАРАТИ МУФИД
Рашт, 6 июл. (АМИТ «Ховар», М.Ризвонов).-Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо САҲА ҷаласаи навбатии маҳфил, ҳамкориҳои иҷтимоӣ дар мавзӯи «Муҳоҷирати меҳнатӣ», «Пешомад ва мушкилотҳо» дар шаҳраки Ғарм баргузор гардид, ки дар он намояндагони ноҳияҳои водии Рашт ва шаҳри Роғун ширкат варзиданд. Иштирокчиёни машварат оид ба мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии дохил ва хориҷи кишвар андешамандӣ намуда, оид ба ҳалли мушкилотҳои мавҷуда дар ин самт изҳори назар карданд. Дар маҳфил мушовири калони Президенти мамлакат О.Бодурова ва намояндаи дафтари САҲА дар Тоҷикистон Бесс Бровн баромад намуда, ба саволҳои додашудаи иштирокчиёни маҳфил ҷавобҳои мушаххас доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






