МОШИНСОЗОНИ УРАЛСК ВА ТОҶИКИСТОН ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД

Июль 21, 2010 14:48

Душанбе, 21  июл. (АМИТ «Ховар»). – Намояндагони  ваколатдори  корхонаиҳои мошинсозии «АМУР» — и  шаҳри  Новоуралски  вилояти  Свердлови  Русия ва  «Хуҷанд – ЗИЛ»  — и Тоҷикистон  дар  бораи  кушодани  корхонаи  муштарак   ва  ба  фурӯш  баровардани мошинҳои  сохти  «АМУР»  протокол  имзо  карданд. Корхонаи «Хуҷанд – ЗИЛ»   ташкили  фурӯши  мошинҳои «АМУР» — ро  дар  қаламрави  мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ,  Эрон, Афғонистон ва  Покистон,  ташкили   маркази   хизматрасониро  дар  Тоҷикистон  ба  зиммаи  худ  гирифт. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  моҳи  августи  соли  равон   намоиши   тамоми  навъҳои  мошинҳои  сохти «АМУР»  ташкил  карда  мешавад. Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ҳам  ба  намоишгоҳи  мазкур  даъват  шудааст. Ба  намоишгоҳи  мазкур  аллакай  20  мошини  боркаш  фиристода шуд, ки  дар  муддати  кӯтоҳ  ба  фурӯш  рафт.  Рӯзҳои  наздик ба  ин  ҷо  боз  70  мошини дигар  фиристода  мешавад. Корхонаи «АМУР»  дар  вилояти  Свердлов  дар  заминаи   филиали  собиқи  корхонаи  мошинсозии  ба  номи  Лихачёв бунёд  ёфтааст. Корхона   мошинҳои  боркаш,  коммуналӣ  ва  мошинҳои  махсус  месозад.

Июль 21, 2010 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад