МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ ДАР АЛМААТО
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар»).- Аз 16 то 17 июли соли 2010 дар Алмаато, дар доираи Раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар САҲА мулоқоти ғайрирасмии Вазирони корҳои хориҷии аъзои созмон баргузор гардид. Дар мулоқот Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ иштирок ва маърӯза кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Ҳамрохон Зарифӣ зимни сафар дар Алмаато бо вазирони корҳои хориҷии Сербия-Вуком Еремиҷом, Швейтсария-Мишлин Калми –Ре, Литва-Аудрониус Ажубалис, Қирғизистон-Руслан Қазоқбоев, Канада-Лоренс Кеннон ва Словения-Самуэл Збогар, муовини котиби давлатӣ оид ба масоили сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Финляндия-Яако Лааява, Вазири давлатӣ оид ба корҳои аврупоии Великобритания-Девид Лидингтон, намояндагони САҲА дар масъалаи озодии ВАО-Дуня Миятович мулоқот доир намуд. Зимни ин мулоқот масъалаҳои такмили фаъолияти САҲА, рушди минбаъдаи барномаи «Корфу», оқибатҳои тағирёбии иқлим, вазъияти минтақа, Конференсияи байналхалқии дар пешистодаи Кобул оид ба масъалаи Афғонистон баррасӣ гардид.