МУЛОҚОТИ Ҳ. ЗАРИФӢ ДАР АЛМААТО

Июль 20, 2010 09:06

Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар»).- Аз 16 то 17 июли соли 2010 дар Алмаато, дар доираи Раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон дар САҲА мулоқоти ғайрирасмии Вазирони корҳои хориҷии аъзои созмон баргузор гардид. Дар мулоқот  Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ иштирок ва маърӯза кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Ҳамрохон Зарифӣ зимни сафар дар Алмаато бо вазирони корҳои хориҷии Сербия-Вуком Еремиҷом, Швейтсария-Мишлин Калми –Ре, Литва-Аудрониус Ажубалис, Қирғизистон-Руслан Қазоқбоев, Канада-Лоренс Кеннон ва Словения-Самуэл Збогар, муовини котиби давлатӣ оид ба масоили сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Финляндия-Яако Лааява, Вазири давлатӣ оид ба корҳои аврупоии Великобритания-Девид Лидингтон, намояндагони САҲА дар масъалаи озодии ВАО-Дуня Миятович мулоқот доир намуд. Зимни ин мулоқот масъалаҳои такмили фаъолияти САҲА, рушди минбаъдаи барномаи «Корфу», оқибатҳои тағирёбии иқлим, вазъияти минтақа,  Конференсияи байналхалқии дар пешистодаи Кобул оид ба масъалаи Афғонистон баррасӣ гардид.    

Июль 20, 2010 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид