МУЛОҚОТИ Э РАҲМОН БО АМАР СИНГҲ
7 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Амар Сингҳро бинобар анҷом ёфтани мўҳлати сафириаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти дипломати ҳиндӣ низ баҳои баланд дод. Аз ҷумла таъкид гардид, ки саҳми сафорати Ҳиндустон дар ин давра дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла дар самти мубодилаи иттилооту таҷриба дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, омодасозии кадрҳои низомӣ ва густариши ҳамкории иқтисодӣ намоён буд. Зимни сўҳбати пурмўҳтаво муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






