МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО МАЙКЛ МАКФОЛ

Июль 16, 2010 12:35

15 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини ёвари Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Майкл Макфолро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд. «Тоҷикистон ба муносибот бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таваҷҷўҳи хоса дорад ва мо ҷонибдори рушду густариши ҳар чӣ бештари он дар арсаҳои гуногун ҳастем», изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Ҳарду ҷониб аз сатҳи имрўзаи равобити ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки  «имконоти зиёд барои тавсеаи ҳамкориҳо, хусусан дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика ва нақлиёт ҳанўз ба таври зарурӣ мавриди истифода қарор надоранд». Масоили дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар давраи бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва муборизаи муштарак бо хатарҳои дигари ҷаҳони муосир низ аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд. Иттилоъ дода шуд, ки танҳо ҳаҷми имсолаи кўмакҳои зиддибўҳронии Амрико, ки ба Тоҷикистон расонда мешаванд, ба 50 миллион доллар баробар аст. Дар мавриди баррасии авзои кунунии Афғонистон ва Қирғизистон ҳарду ҷониб омодагии худро ба густариши ҳамгироӣ дар мубориза бо терроризму экстремизм ва таҳкими амнияту суботи минтақавӣ таъкид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Июль 16, 2010 12:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд