МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО МАЙКЛ МАКФОЛ
15 июли соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини ёвари Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Майкл Макфолро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд. «Тоҷикистон ба муносибот бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таваҷҷўҳи хоса дорад ва мо ҷонибдори рушду густариши ҳар чӣ бештари он дар арсаҳои гуногун ҳастем», изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Ҳарду ҷониб аз сатҳи имрўзаи равобити ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки «имконоти зиёд барои тавсеаи ҳамкориҳо, хусусан дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика ва нақлиёт ҳанўз ба таври зарурӣ мавриди истифода қарор надоранд». Масоили дастгирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар давраи бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва муборизаи муштарак бо хатарҳои дигари ҷаҳони муосир низ аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд. Иттилоъ дода шуд, ки танҳо ҳаҷми имсолаи кўмакҳои зиддибўҳронии Амрико, ки ба Тоҷикистон расонда мешаванд, ба 50 миллион доллар баробар аст. Дар мавриди баррасии авзои кунунии Афғонистон ва Қирғизистон ҳарду ҷониб омодагии худро ба густариши ҳамгироӣ дар мубориза бо терроризму экстремизм ва таҳкими амнияту суботи минтақавӣ таъкид намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






