МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО САФИРИ ҲИНД

Июль 7, 2010 17:29

Душанбе,  7 июл. (АМИТ «Ховар»,  Дилшодаи  Ҷонмард). —  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  субҳи   имрӯз  бо    Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон  дар Тоҷикистон  Амар Сингҳ, ки мӯҳлати сафириаш дар кишвари мо ба охир расидааст мулоқот  кард.             Амар Сингҳ баъди  анҷоми мулоқоташ  бо  Сарвари  давлат   зимни  сӯҳбати  мухтасар  бо  хабарнигорон  дар  бораи  натиҷаҳои он  маълумот дод. Ӯ иброз дошт, ки  ин мулоқоти ман мулоқоти   хайрбодӣ буд, ки бинобар ба итмом расидани муҳлати адои вазифаи ман ба сифати сафири фавқкуллода ва мухтор сурат гирифт.             Дар рафти мулоқот мо ҳамаи дастовардҳоямонро  дар давоми се соли охир   мавриди муҳокима қарор додем ва мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба ҳамкориҳои боз ҳам бештари  кишварҳоямон иброз доштем. Бояд гуфт, ки  ҳамкории  кишварҳои мо дар самти ҳамлу нақли мол ва коммуникатсия бисёр баланд арзёбӣ карда шуд. Зимни суҳбат инчунин вазъияти  Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.          Сафир афзуд, ки роҷеъ ба  фаъолияти сармоягузории Ҷумҳурии Ҳиндустон  ба фаъолияти ширкатҳои хусусӣ иттилоъ додааст. Амар Сингҳ ҳамчунин иброз дошт, ки натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустонро ба Тоҷикистон баррасӣ карда шуданд. Таъкид гардид, ки  ин аввалин сафари Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон  ба кишварҳои Осиёи Марказӣ буд ва ба муносибатҳои ҳамаҷонибаи Ҳиндустону   Тоҷикистон  такони тоза бахшид.      

Июль 7, 2010 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад