МУЗДИ МАОШИ КОРГАРОН 48,8 СОМОНӢ ЗИЁД ШУД
Душанбе, 26 июн. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз дастгоҳи раиси шаҳри Ваҳдат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар соҳаҳои хоҷагии шаҳр дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 13 ҳазору 78 нафар коргарон кор карда, ба онҳо ба маблағи 14 млн 538 ҳазор сомонӣ музди меҳнат дода шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн. 546,7 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ҳисоби миёнаи музди меҳнат ба як коргар 223,3 сомонӣ рост меояд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 48,8 сомонӣ зиёд аст. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, ҳисоби миёнаи музди меҳнат дар соҳаи саноат 378 сомонӣ, сохтмон- 278, нақлиёт – 218, 7, кишоварзӣ — 89, 5, тандурустӣ — 184,4, маориф – 239, хизматрасонӣ — 273, бонкҳо – 541 геологҳо 366 сомониро ташкил дод.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






