НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ АНДОЗ ИҶРО МЕШАВАД?

Июль 28, 2010 16:01

Душанбе, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Мақомоти андози ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар асоси дастурҳои Президенти Ҷумҳурӣ қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ» кӯшиш ба харҷ доданд, ки роҳу усулҳои ҷамъоварии андозро содда гардонанд, қонунгузории андозро такмил дода, ба корҳои тавзеҳотӣ ва фаҳмондадиҳӣ тақвият бахшанд ва самаранокии фаъолияти соҳаро афзун намоянд. Нақшаи ҷамъоварии андози иҷтимоӣ дар нимсолаи аввали соли 2010 аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ дар ҳаҷми 105,0% иҷро гардида, ба ҷойи 245,0 млн. сомонӣ 257,0 млн. сомонӣ ҷамъ оварда шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо дар нимсолаи аввали соли равон дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ иҷро карда шуд. Аз он ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 111,0%, дар вилояти Хатлон – 106,0%, дар вилояти Суғд – 106,4%, дар шаҳри Душанбе – 105,0% ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ – 112,0%. Дар баробари ин, иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ барои давраи ҳисоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои зерин таъмин карда нашудааст: дар вилояти Хатлон — ноҳияҳои Панҷ – 85,6%, Шаҳритӯс – 95,8% ва Восеъ – 94,0%, дар вилояти Суғд ноҳияҳои Зафаробод – 91,8% ва Мастчоҳ – 93,1%. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи се намуди андоз иҷро нагардид: андози даромад аз шахсони воқеӣ – 99,6%, аксиз – 80,7% ва андози истифодаи об – 46,4%,  дар натиҷа ба буҷет 11 млн. сомонӣ ворид нашуд. Ҳаҷми қарзи андозҳо ва пардохтҳо дар таърихи 1 июли   соли 2010-ум 680 млн. сомониро ташкил медиҳад ва нисбат ба аввали соли ҷорӣ ба андозаи 64,0 млн. сомонӣ зиёд гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ маблағи қарзи андозҳо аз ҳисоби андозсупорандагоне, ки дар қайди Нозироти андози андозсупорандагони калон мебошанд, ба андозаи 53,4 млн. сомонӣ, Раёсати андоз дар вилояти Хатлон – 4,1 млн. сомонӣ, Раёсати андоз дар вилояти Суғд – 7,7 млн. сомонӣ  ва шаҳри Душанбе – 4 млн. сомонӣ, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 2,6 млн. сомонӣ зиёд шудааст. Аз он ҷумла, 228 қарор оиди бо роҳи ҳабси амвол ва аз фурӯши он ситонидани қарзи андоз ба маблағи умумии 46,0 млн. сомонӣ, 109 қарор оид ба боздошти амалиёти хароҷотии суратҳисоб ба маблағи умумии 25,0 млн. сомонӣ ва 294 қарор оид ба ситонидани маблағи қарзи андозҳо аз суратҳисоби андозсупоранда ба маблағи умумии 91,0 млн. сомонӣ, ҷамъ 634 қарор ба маблағи умумии 163,0 млн. сомонӣ қабул шуда, аз ҳисоби ин қарорҳо ба буҷа ҳамагӣ 39,0 млн. сомонӣ ворид карда шудааст, ки ин 24 фоизи маблағи умумии қарорҳои қабулшударо ташкил медиҳад. Бояд қайд кард, ки дар ҳамин давраи соли 2009 ин нишондиҳанда ба воситаи судҳои иқтисодӣ 19,0 млн. сомониро ташкил дода буд. Дар нимсолаи аввали соли 2010 аз тарафи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» нисбат ба 10 андозсупоранда ба маблағи умумии қарзашон 2,8 млн. сомонӣ мавод оид ба муфлис эътироф кардани онҳо омода ва ба Судҳои иқтисодӣ пешниҳод карда шуд. Дар давраи ҳисоботӣ кормандони мақомоти андоз дар натиҷаи гузаронидани корҳои назоратӣ дар ҳаҷми 49,7 млн.сомонӣ  ҳисобкунии кам кардан ва пинҳонкунии андозҳоро бо назардошти ҷарима ва фоизҳо ошкор намуда, аниқ карданд, ки «Дар бораи буҷети давлатии бевосита дар давоми санҷишҳо танҳо 11,1 млн.сомониаш ба буҷет рӯёнида шудаасту халос, ки ин ҳамагӣ 22,3 фоизро ташкил медиҳад (инчунин дар давраи ҳисоботӣ 4 млн. сомонӣ аз ҳисоби маблағҳое, ки дар соли 2009 барилова ҳисоб шуда буданд, ба буҷет ворид гардиданд).  

Июль 28, 2010 16:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад