НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
ЁВОН, 06.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз корхонаҳои истеҳсоли сементи «Хуаксин Ғаюр семент» 48 ҳазору 214 тонна ва аз корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чжунгтсай моҳир семент» 86 ҳазору 440 тонна семент, дар маҷмуъ 134 ҳазору 654 тонна семент, ки 71 миллиону 659,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ба хориҷи мамлакат содирот гардид. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода 5 август зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Икромиддин Вализода баён дошт, ки дар ин давра ҳамчунин 6 коргоҳи нави истеҳсолию саноатӣ, аз ҷумла коргоҳи истеҳсоли дару тирезаҳои пластикии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзалӣ пласт», коргоҳи истеҳсоли хишти сементию газоблоки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Девори Ёвон» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаррух ва компания», коргоҳи истеҳсоли бетони сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дастгирии Ёвон», коргоҳи истеҳсоли мебели Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Диловар мебел» ва коргоҳи истеҳсоли газоблоки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пойдор саноат» бо зиёда аз 25 ҷойи кори доимӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Иброз гардид, ки барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Ёвон бунёди 561 иншооти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз аз ин шумора 428 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуд.
Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли равон 32 километр роҳҳо мумфарш, 60 километр бетонпӯш ва 177 километр роҳҳои ноҳия сангфарш карда шуданд. Мувофиқи нақша, имсол бояд 70 километр роҳҳои маҳаллию ҷумҳуриявии ноҳияи Ёвон мумфарш карда шаванд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






