ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 08.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 август дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Прокуратураи генералӣ соати 08:00 доир мегардад.
Дар Вазорати молия нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа соати 09:00 доир карда мешавад.
Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи андоз соати 11:00 доир мегардад.
Дар филиали Донишкадаи энергетикии Москва нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилот, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 21 июл оғоз гардида, 8 август ҷамъбаст мегарданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






