НИГАРОНИИ РАИСИ ШАҲР АЗ АФЗОШИ МОЛҲОИ ҲИТОӢ ДАР БОЗОРҲО

Июль 16, 2010 12:28

Душанбе, 16 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Натиҷаҳои фаъолияти мақомот ва сохторҳои гуногуни шаҳри Душанбе 15 июл дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардиданд. Роҷеъ ба рушди соҳаи саноат ва дастовардҳои саноатчиёну корхонаҳои саноатии пойтахт муовини Раиси  шаҳри Душанбе Ҷамшед Мансуров гузориш дод. Мавсуф зикр кард, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар пойтахт кам гардида, он аз норасоии ашёи хом, коҳиш ёфтани талаботи мардум ба маҳсулоти ватанӣ ва таъсири  бӯҳрони молиявӣ шаҳодат медиҳад. Хусусан,  дар ин давра Ҷамъиятҳои масъулияташ махдуди «Ғалла», «Тоҷиккристал», «Мармари Тоҷик», Комбинати масолеҳи сохтмон, «Ахтар», «Шоҳона», «Грант», «Шириниҳои Шафоат» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам кардаанд. Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев зимни баррасии масъалаи рушди саноати пойтахт аз афзоши молҳои пастсифати истеҳсоли  Чин дар бозорҳои шаҳр изҳори нигаронӣ намуд. М. Убайдуллоев барои рушди сектори саноати пойтахт ва ҷустуҷӯи роҳҳои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатии пойтахт ба масъулини сохторҳои марбутаи шаҳр  супоришҳои мушаххас дод. Зикр шуд, ки  корхонаҳои саноатие, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар ин давра кам кардаанд, дар муддати як моҳ аз ҷониби Комиссияи депутатии шаҳрӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи шаҳр аз санҷиш гузаронида мешаванд. Дар ҷаласаи ҷамъбастии шаҳрдорӣ, ҳамчунин масъалаҳои дигари марбут ба дурнамои  рушди пойтахт баррасӣ гардиданд. Дар ҷаласа муовини Сарвазири ҷумҳурӣ  Асадулло Ғуломов иштирок карда, новобаста ба баъзе проблемаҳои ҷойдошта, фаъолияти  сохторҳои пойтахтро дар нимсолаи аввали соли равон мусбат арзёбӣ кард. Муовини  Сарвазири кишвар ба масъулини шаҳрдорӣ ва сохторҳои тобеи он дар ҳалли баъзе норасоиҳои мавҷуда машварату маслиҳатҳои судманд дод.

Июль 16, 2010 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд