НИГАРОНИИ РАИСИ ШАҲР АЗ АФЗОШИ МОЛҲОИ ҲИТОӢ ДАР БОЗОРҲО
Душанбе, 16 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Натиҷаҳои фаъолияти мақомот ва сохторҳои гуногуни шаҳри Душанбе 15 июл дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, баррасӣ гардиданд. Роҷеъ ба рушди соҳаи саноат ва дастовардҳои саноатчиёну корхонаҳои саноатии пойтахт муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Мансуров гузориш дод. Мавсуф зикр кард, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар пойтахт кам гардида, он аз норасоии ашёи хом, коҳиш ёфтани талаботи мардум ба маҳсулоти ватанӣ ва таъсири бӯҳрони молиявӣ шаҳодат медиҳад. Хусусан, дар ин давра Ҷамъиятҳои масъулияташ махдуди «Ғалла», «Тоҷиккристал», «Мармари Тоҷик», Комбинати масолеҳи сохтмон, «Ахтар», «Шоҳона», «Грант», «Шириниҳои Шафоат» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам кардаанд. Раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев зимни баррасии масъалаи рушди саноати пойтахт аз афзоши молҳои пастсифати истеҳсоли Чин дар бозорҳои шаҳр изҳори нигаронӣ намуд. М. Убайдуллоев барои рушди сектори саноати пойтахт ва ҷустуҷӯи роҳҳои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои саноатии пойтахт ба масъулини сохторҳои марбутаи шаҳр супоришҳои мушаххас дод. Зикр шуд, ки корхонаҳои саноатие, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар ин давра кам кардаанд, дар муддати як моҳ аз ҷониби Комиссияи депутатии шаҳрӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи шаҳр аз санҷиш гузаронида мешаванд. Дар ҷаласаи ҷамъбастии шаҳрдорӣ, ҳамчунин масъалаҳои дигари марбут ба дурнамои рушди пойтахт баррасӣ гардиданд. Дар ҷаласа муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Асадулло Ғуломов иштирок карда, новобаста ба баъзе проблемаҳои ҷойдошта, фаъолияти сохторҳои пойтахтро дар нимсолаи аввали соли равон мусбат арзёбӣ кард. Муовини Сарвазири кишвар ба масъулини шаҳрдорӣ ва сохторҳои тобеи он дар ҳалли баъзе норасоиҳои мавҷуда машварату маслиҳатҳои судманд дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






