НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР «АМОНАТБОНК»

Июль 22, 2010 14:51

Душанбе, 22 июл.(АМИТ»Ховар»,Зебо Давлатова). — Ҳафтаи равон дар толори маҷлисгоҳи Бонки давлатии «Амонатбонк» нишасти матбуотӣ бо иштироки масъулин ва намояндагони ВАО баргузор гардид. Сардори Бонки мазкур Гулнора Кенҷаева зимни нишаст иброз намуд,ки давоми ним соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати молияи ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 6 млн.сомонӣ сармояи оинномавии бонк пурра карда шуд. Сармояи умумии бонк ба санаи 1 июли соли 2010 624,5 млн.сомониро ташкил  дода,нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 9 фоиз зиёд гардид. Дар ин давра тавассути филиалҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» ба ташкилотҳои буҷавӣ 497,9 млн.сомонӣ пули нақд,ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 21,9 фоиз зиёдтар аст,пардохт гардид. Гулнора Кенҷаева афзуд,ки дар шаҳри Душанбе ва манотиқи ҷумҳурӣ 24 адад банкоматҳо ва 15 адад нуқтаҳои пардохт насбу ба кор дароварда шуд,ки дар маҷмӯъ бо 11 низоми фаврии интиқоли маблағҳо ҳамкорӣ дорад,ки фаъолияти онҳо дар ҳамаи  филиалҳои  бонк ба роҳ монда шудааст.Дар филиалҳои бонк 122 нуқтаҳои интиқол бо 1135 адад калиди дастёб амал мекунанд. Бояд қайд кард,ки бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.Аз ҷумла сохтмони бинои Маркази таълимию фароғатӣ дар шаҳри Хоруғ,биноҳои филиалҳои «Амонатбонк» дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Роштқалъа,ки бо сохту сифати наву замонавӣ ва таҷҳизоту технологияи муосири  бонкдорӣ муҷаҳҳазанд, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ  сохта ба истифода дода шуд.

Июль 22, 2010 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст