НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ШАҲРИНАВ

Июль 28, 2010 16:45

Шаҳринав,28 июл.(АМИТ « Ховар», Ҳотам Рабиев). — «Мо тамоми саъйю кӯшишро   ба он равона кардаем,ки  нақшаи кишти  такрориро, ки 2 ҳазору 489 гектарро ташкил медиҳад, дар рӯзҳои  наздик ба анҷом   расонем,- гуфт зимни  нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи  Шаҳринав  Раҳматуллои  Пӯлод. Дар нишасти матбуотӣ  кормандони мақомоти  иҷроия, намояндагони мақомоти  қудратӣ,  раисони ҷамоатҳо  ҳузур доштанд. Соҳаи чорводорӣ яке аз соҳаҳои  асосии кишоварзии ноҳия  буда, дар нимсолаи аввал  дар ҳамаи  шаклҳои  хоҷагидорӣ 4643,1 тонна шир, 481,8 тонна гӯшт, 7095 ҳазор дона  тухм истеҳсол карда  шуд, ки  нисбат ба ҳамин  давраи соли  гузашта   мутаносибан шир 0,4 тонна, гӯшт 11,1 тонна, тухм 707  ҳазор дона  зиёд мебошад.Саршумори чорво  ва парранда  нисбат ба  ҳамин давраи  соли гузашта зиёд шудааст. Таъмини амнияти  озуқавории мамлакат  ба истеҳсоли   ғалладона  вобастагии зич  дорад. Соли ҷорӣ  дар ҳамаи  шаклҳои  хоҷагидорӣ дар масоҳати ҳазору 400 гектар ғалладона кишт карда   шуд.   

Июль 28, 2010 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад