НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ

Июль 21, 2010 16:12

Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дирӯз дар Вазорати кишоварзӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нимсолаи аввали соли 2010 нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар   нишаст 32 нафар намояндагони васоити ахбори омма, сардорони раёсатҳо ва роҳбарони зерсохторҳои вазорат ширкат варзиданд. Нишасти матбуотиро бо сухани ифтитоҳӣ сармутахассиси шӯъбаи матбуот  ва иттилооти    вазорат А.Р. Каримова ҳусни оғоз бахшида, оид ба ҳамкориҳои вазорат ва васоити  ахбори омма ба иштирокчиён мухтасар маълумот дод. Сипас муовини вазири кишоварзӣ С.И. Исроилов оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар шаш моҳи аввали соли  ҷорӣ  ва татбиқи сиёсати аграрии Ҳукумати ҷумҳурӣ, дастуру супоришҳои  Сарвари давлат ба кишоварзони  мамлакат, ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулот, содироту воридоти  маҳсулоти кишоварзӣ, кишти тирамоҳӣ ва баҳории зироатҳои ғалладонагӣ, кишти пахта,  сабзавоту зироатхои полезӣ, бунёди боғу токзори нав, таъмини соҳа бо техника, муборизаи зидди малах, соҳаи чорводорӣ, дастовардҳои олимони соҳа ва дигар масъалахои мубрами рӯз муфассал маълумот дод. Дар раванди нишаст асоси пурсишҳои рӯзноманигоронро таъмини бозорхои кишвар бо меваю сабзавоти истеҳсоли дохилӣ, фурӯши гӯшти паррандаи истеҳсоли  ватанӣ, таъсири боздошти қатораҳо дар ҷумҳурии ҳамсоя ба соҳаи кишоварзии ҷумхурӣ, бунёди боғу токзор, додани замин   ба шаҳрвандони хориҷи кишвар, мубориза бар зидди малах, таъмини аҳолӣ бо гандуми истеҳсоли худӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар  бар гирифт. Ба ҳамаи саволҳо, дархосту пешниҳоди намояндагони  васоити ахбори оммаи  ватанию хориҷӣ муовини вазири кишоварзӣ С.И. Исроилов, президенти Академияи илмхои кишоварзии Тоҷикистон Ҳ.А. Аҳмадов ва дигар мутахассисони вазорат ҷавобҳои пурра ва қаноатбахш доданд.                            

Июль 21, 2010 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад