НОДУРУСТ ПАЙВАСТ НАМУДАНИ НОҚИЛ САБАБИ СӮХТОР ГАРДИД
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Шаби 1 июли соли равон дар манзили истиқоматии Озодҷон Урунов, истиқоматкунандаи деҳаи Қистақӯзи вилояти Суғд сӯхтор ба амал омад. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми сӯхтор дар масоҳати 65 метри мураббаъ болопӯши хона ва 500 кг коҳ сӯхта нобуд гардид. Сабаби сӯхтор чун ҳарвақта вайрон намудани қоидаи бехатарӣ буда, ҳангоми нодуруст пайваст намудани ноқилҳои барқӣ, сӯхтор сарзадааст. Зарар аз сӯхтор 2 ҳазору 40 сомониро ташкил дода, гунаҳкор соҳибхона мебошад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






