ПАНҶ ХОНАИ НАВСОХТ ТӮҲФА АЗ «МЛТ»

Июль 26, 2010 14:40

Душанбе, 26 июл. ( АМИТ  « Ховар», Мавзуна Бойева). Ширкати алоқаи  мобилии «МЛТ»  ташаббус нишон дода  қарор дод , ки   барои зарардидагони  офати табиии  вилояти Хатлон  панҷ хонаи  истиқоматӣ  бунёд намояд. Дар ин бора  ба мухбири  АМИТ « Ховар»  котиби  матбуотии  ширкати мазкур  Азиз Хайруллоев хабар дод.  « Ширкати мо ҳалли  масъалаҳои муҳими  иҷтимоиро  бар дӯш гирифтаву аввалин шуда қарор дод, ки ба  зарардидагон  кӯмак намояд. Ширкат дар ин  рӯзҳо дар  ноҳияи   Мӯъминобод панҷ хонаи  истиқоматӣ  бунёд менамояд»,-гуфт А. Хайруллоев. Ёдовар мешавем, ки   моҳи майи соли  ҷорӣ аз  сабаби боришоти  бардавом  ва омадани  селу ярч  хонаҳои истиқоматӣ ва  хоҷагиҳои  вилояти  Хатлон зарари  зиёд диданд. Кормандони ширкати « МЛТ»  ба ин ноҳияҳо  сафар намуда , бо  вазъи фоҷиабори   ин  минтақа  аз наздик  шинос шуданд ва барои  бунёди  хонаҳои нав   ҷойи мувофиқ интихоб  намуданд. Бунёди хонаҳо аз ҷониби  ширкат дар ноҳияи  Мӯъминобод оғоз ёфтааст. Бояд зикр намуд, ки  барои иштирок дар  кори сохтмон  мутахассисони  варзидаи ватанӣ ҷалб гардидаанд. Ширкати « МЛТ»  зарурати  иҷтимоӣ- ҷамъиятии  лоиҳаи мазкурро ба инобат гирифта, баҳри  иҷрои вазифаи  ба зимма гирифта  масъулияти  баланд эҳсос менамояд.  

Июль 26, 2010 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд