ПАНҶ ХОНАИ НАВСОХТ ТӮҲФА АЗ «МЛТ»
Душанбе, 26 июл. ( АМИТ « Ховар», Мавзуна Бойева). Ширкати алоқаи мобилии «МЛТ» ташаббус нишон дода қарор дод , ки барои зарардидагони офати табиии вилояти Хатлон панҷ хонаи истиқоматӣ бунёд намояд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ « Ховар» котиби матбуотии ширкати мазкур Азиз Хайруллоев хабар дод. « Ширкати мо ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоиро бар дӯш гирифтаву аввалин шуда қарор дод, ки ба зарардидагон кӯмак намояд. Ширкат дар ин рӯзҳо дар ноҳияи Мӯъминобод панҷ хонаи истиқоматӣ бунёд менамояд»,-гуфт А. Хайруллоев. Ёдовар мешавем, ки моҳи майи соли ҷорӣ аз сабаби боришоти бардавом ва омадани селу ярч хонаҳои истиқоматӣ ва хоҷагиҳои вилояти Хатлон зарари зиёд диданд. Кормандони ширкати « МЛТ» ба ин ноҳияҳо сафар намуда , бо вазъи фоҷиабори ин минтақа аз наздик шинос шуданд ва барои бунёди хонаҳои нав ҷойи мувофиқ интихоб намуданд. Бунёди хонаҳо аз ҷониби ширкат дар ноҳияи Мӯъминобод оғоз ёфтааст. Бояд зикр намуд, ки барои иштирок дар кори сохтмон мутахассисони варзидаи ватанӣ ҷалб гардидаанд. Ширкати « МЛТ» зарурати иҷтимоӣ- ҷамъиятии лоиҳаи мазкурро ба инобат гирифта, баҳри иҷрои вазифаи ба зимма гирифта масъулияти баланд эҳсос менамояд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






