ПАРВОЗИ ҲАВОПАЙМОҲО БА ТАЪХИР АФТОД

Июль 7, 2010 16:12

Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева). — Имрӯз, 7 июл парвози ҳавопаймоҳо аз фурӯдгоҳи Душанбе ҷониби шаҳрҳои  Санкт- Петербург, Москва ва Хуҷанд ба таъхир афтод. Дар фурӯдгоҳи Душанбе адади зиёди мусофирон интизори парвозанд. Бино ба иттилои масъулин сабаби асосии ба таъхир мондани парвозҳо ин қарздор будани ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" дар назди ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Ширкати таъминоти сӯзишворӣ " мебошад. Айни ҳол барои ҳалли қазияи мазкур чора дида мешавад ва дар сурати мусбӣ ҳал гардидани масъала ҳавопаймоҳо бо сӯзишворӣ таъмин мешаванд ва парвозҳо ба самтҳои зарурӣ амалӣ мегарданд. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» котиби маркази матбуоти "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" Махмадюсуф Шодиев иттилоъ дод, дар сурати напардохтани қарз аз ҷониби Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" рейсҳои баъдӣ низ метавонанд ба таъхир афтанд ва парвозҳо аз рӯи нақша сурат нагиранд. Агар масъала ба зудӣ ҳалли худро наёбад, адади мусофирон дар фурудгоҳ зиёд гардида, шароти буду бош мушкил мегардад.  

Июль 7, 2010 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд