РАҲМОНОВ БА МАСКАВ РАФТ

Июль 7, 2010 09:42

Душанбе, 7 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ҷиҳати иштирок дар конфронси вазирони маорифи кишварҳои аъзои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба шаҳри Маскави пойтахти Федератсияи Русия сафар кард. Назар ба иттилои котиби матбуотии Вазири маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев,  конфронси вазирони маорифи ИДМ 8-9-уми июли соли равон доир гардида,  дар он масъалаҳои муҳими тақвияти ҳамкории кишварҳои ИДМ дар бахши маориф мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Инчунин, 7 июл  дар шаҳри Маскав ҷаласаи Раёсати Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ багузор мегардад. Ноилшо Нуралиев афзуд, ки дар ин чорабиниҳо вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмоновро мудири шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ  Ҳ. Фақеров, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистон — Русия М. Имомов ва ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ А. Абдурасулов ҳамроҳӣ менамоянд. 

Июль 7, 2010 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад