РУШДИ САЙЁҲАТИ ФАРҲАНГӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Июль 2, 2010 16:09

Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-6 июл дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон  семинари ҷумҳуриявии «Рушди сайёҳати фарҳангӣ дар Тоҷикистон», бахшида ба эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2010 баргузор мегардад. Семинар бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд,  семинар аз ду ҷаласа иборат буда, онро Вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ифтитоҳ хоҳанд бахшид.  Дар ҷаласаҳо ҳашт мавзўъ, аз ҷумла мавзўҳои «Роҳи бузурги абрешим ҳамчун падидаи пайванди тамаддунҳо ва фарҳангҳо. Гузашта ва имрўза», «Нақши мақоми давлатии соҳаи туризм дар инкишофи сайёҳати фарҳангӣ», «Нақши Шўрои рушди туризми водии Зарафшон дар истеҳсоли маҳсулоти мухталифи туристӣ дар заминаи мероси фарҳангии минтақа» аз ҷониби иштирокчиён баррасӣ мешаванд.

Июль 2, 2010 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид