САБАБҲОИ РУШД НАКАРДАНИ МОҲИПАРВАРӢ

Июль 8, 2010 09:29

Душанбе, 8июл. (АМИТ «Ховар». Лаззат Диловарзод).- Дар ҷумҳурӣ омилҳои субективию обективие мавҷуданд, ки бартараф шудани онҳо ба рушди соҳаи моҳипарварии ҷумҳурӣ асос шуда метавонанд,-иброз дошт раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Моҳии Тоҷикистон» Аҳмадҷон Гафуров зимни сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба иттилои ҳамин манбаъ, рушд накардани  соҳаи моҳипарварӣ пеш аз ҳама ба   нарасидани мутахассисони дараҷаи олии моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ вобаста аст. Бо мақсади тайёр кардани мутахассисон, соли дуюм аст, ки дар назди факултаи зооинженерии Донишгоҳи аграрии ҷумҳурӣ кафедраи моҳишиносӣ, ихтиология ва физиологияи ҳайвонот ба роҳ монда шудааст. Омилҳои  дигар, набудани технология ва маблағи зарурӣ, захираи хӯрокаи  моҳӣ ва амалӣ нашудани Қонуни ҶТ «Дар бораи моҳипарварӣ» (аз соли 2006) мебошад. Бо вуҷуди он ки   Қонуни ҶТ «Дар бораи моҳипарварӣ» аз соли 2006 муҳофизати моҳиро  ба ваколати КВД «Моҳии Тоҷикистон» супоридааст,   то имрӯз чунин воҳиди корӣ дар корхона вуҷуд надорад. Нозирони муҳофизати захираҳои моҳӣ на дар тобеияти КВД «Моҳии Тоҷикистон», балки дар тобеияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист  буда, дар як вақт вазифаи назорат ва муҳофизатро иҷро  менамоянд, ки боиси  рушд накардани моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ гардидааст.

Июль 8, 2010 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд