САМТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ММ МО ҶТ ТАСДИҚ ШУД

Июль 8, 2010 15:47

Душанбе, 8 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати чорум барои солҳои 2010-2015» 8 июл дар ҷараёни иҷлосияи дуюми палатаи болоии парлумони мамлакат бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Муовини Раиси Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Қодири Қосим зимни шарҳи  масъалаи мазкур гуфт, ки Самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муқаддима ва 4 фасл иборат буда, он дурнамои фаъолияти Маҷлиси миллиро дар давоми 5 сол муайян месозад. Дар асоси санади мазкур ҳамкории Маҷлиси миллӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Вазорату идораҳои марбутаи кишвар ва сохторҳои дигари давлатӣ тақвият ёфта, дар таҳияю ҷонибдорӣ ва баланд бардоштани  сифатнокии қонунҳои дархӯри ҷомеа, рушди минбаъдаи бахши иҷтимоӣ  ва муборизаи дастаҷамъона бар зидди таҳдидҳои ҷиноятҳои трансмиллию коррупсионӣ нақши муассир хоҳад гузошт. Дар назар аст, ки бобати дар амал татбиқ гардонидани Самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҷамъиятӣ ва коршиносон созмон дода хоҳад шуд. Дар робита ба ин масъала Раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба аъзои Маҷлиси миллӣ супориш дод, ки дар давоми ҳар як семоҳа аъзоёни Кумитаҳои Маҷлиси миллӣ нақшаи кории худро бобати иҷрои Самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015  ба Раиси палатаи болоии парлумони мамлакат пешниҳод созанд.

Июль 8, 2010 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад