СЕМИНАР ОИД БА ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ

Июль 29, 2010 10:19

Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Семинари дурӯзаи  кормандони ҳифзи иҷтимоӣ  бо мудирони шӯъбаҳои хизматрасонӣ имрӯз корашро идома мебахшад. Ёдовар мешавем, ки семинар дирӯз дар толори Пажӯҳишгоҳи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар якҷоягӣ  бо Муассисаи давлатии курсҳои такмили ихтисос  бо дастгирии  хазинаи кӯдакони СММ баргузор гардид. Дар семинар усули нави хизматрасонии иҷтимоӣ — нигоҳубини беморон ва маъюбони гурӯҳҳои якум  ва дуюми ноҳияҳои пилотӣ дар хона пешниход гардид. Дар кори семинар мудирони шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат варзида, таҷрибаи ноҳияҳои пилотиро мавриди омӯзиш қарор доданд. Айни замон хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона барои  маъюбон дар ноҳияҳои Кӯлоб, Панҷ, Қубодиён, Исфара, Б.Ғафуров, Шуғнон ва ноҳияи Рашт ҳамчун ноҳияҳои пилотӣ ба роҳ монда шудааст.  

Июль 29, 2010 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад