СЕМИНАР ОИД БА ТАРЗИ ДУРУСТИ ҲУҶҶАТНИГОРӢ
Душанбе, 29 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз дар толори Маркази таълими калонсолони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар доираи Барнома оид ба мубориза бар зидди бемориҳои ВИЧ-СПИД, сил ва вараҷа дар ҶТ семинар баргузор гардид. Мавзӯи асосии семинар шинос намудани кормандони муҳосибии ташкилоту корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ бо тарзи дурусти ҳуҷҷатгузорӣ мебошад, зеро кормандони корхонаҳое, ки аз ин Барнома маблағ мегиранд, дар ҳуҷҷатгузориашон ба хатогиҳо роҳ медиҳанд. Бояд қайд кард, ки Барномаи мубориза бар зидди ВИЧ-СПИД, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солиёни дароз дар табобати мардуми мубтало ба ин бемориҳои номбурда саҳми арзанда мегузорад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






