ТАҲИЯ ЛОИҲАИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДУШАНБЕ- ТУРСУНЗОДА ИДОМА ДОРАД

Июль 27, 2010 08:18

Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Тармиму таҷдиди роҳи мошингарди  Душанбе- Турсунзода -сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи марти соли 2011 оғоз хоҳад гардид, -гуфт имрӯз, зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Низом Ҳакимов. Ӯ афзуд, ки то имрӯз корҳои топографӣ, тадқиқотӣ, геологӣ, гидрологӣ ташхиси купрӯкҳо ва қубурҳои обгузар ба анҷом расида, аз тарафи машваратчӣ ба Бонки Осиёгии Рушд (БОР) ва Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ  ҳисоботи ҷамъбастӣ пешниҳод карда шуд. Лоиҳаи мазкур таҷдиди 61, 5 км роҳро дар самти Душанбе- Турсунзода-сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бар мегирад.  Паҳноии роҳ аз Душанбе то Турсунзода  25 метр (бо чор хати харакат) ва аз  Турсунзода то сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон 15 метрро (бо ду хати ҳаракат) ташкил медиҳад. Дар асоси ҳисоби пешакӣ маблағи умумии лоиҳа 151 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Айни ҳол аз тарафи БОР 51 миллион доллари ИМА ба тариқи грант пешбинӣ шуда, аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон бояд 27 миллион доллари ИМА  барои пардохти андоз, ҷуброни кӯчонидани хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти канори роҳ ҷудо карда шавад. Таҳия ва баррасии нақшаи асосноккунии техникии тармиму таҷдиди роҳи мазкур то охири соли равон ба охир мерасад.  

Июль 27, 2010 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад