ТАҲИЯ ЛОИҲАИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДУШАНБЕ- ТУРСУНЗОДА ИДОМА ДОРАД
Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Тармиму таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе- Турсунзода -сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи марти соли 2011 оғоз хоҳад гардид, -гуфт имрӯз, зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Низом Ҳакимов. Ӯ афзуд, ки то имрӯз корҳои топографӣ, тадқиқотӣ, геологӣ, гидрологӣ ташхиси купрӯкҳо ва қубурҳои обгузар ба анҷом расида, аз тарафи машваратчӣ ба Бонки Осиёгии Рушд (БОР) ва Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ ҳисоботи ҷамъбастӣ пешниҳод карда шуд. Лоиҳаи мазкур таҷдиди 61, 5 км роҳро дар самти Душанбе- Турсунзода-сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бар мегирад. Паҳноии роҳ аз Душанбе то Турсунзода 25 метр (бо чор хати харакат) ва аз Турсунзода то сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон 15 метрро (бо ду хати ҳаракат) ташкил медиҳад. Дар асоси ҳисоби пешакӣ маблағи умумии лоиҳа 151 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Айни ҳол аз тарафи БОР 51 миллион доллари ИМА ба тариқи грант пешбинӣ шуда, аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон бояд 27 миллион доллари ИМА барои пардохти андоз, ҷуброни кӯчонидани хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти канори роҳ ҷудо карда шавад. Таҳия ва баррасии нақшаи асосноккунии техникии тармиму таҷдиди роҳи мазкур то охири соли равон ба охир мерасад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






