ТАҶДИДИ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ДУШАНБЕ-ДАНҒАРА

Июль 27, 2010 11:25

Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи якуми лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма, қитъаи Душанбе-Данғара, ки моҳи сентябри соли 2009 оғоз гардидаст, идома ёфта, ҳоло дар як қисмати қитъаҳои роҳ корҳои омодагӣ,  кандани қабати болопӯши замин ва таҳкурсии роҳ, корҳо барои сохтмони таҳкурсии  хокрезаи роҳ, корҳои васеъ намудани  хокрезии роҳ, корҳои ташкилӣ барои сохтмони роҳҳои муваққатӣ аз ҷониби пудратчӣ бомуваффақият иҷро шуда истодаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ  директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Низом Ҳакимов ба рӯзноманигорон хабар дод. Ӯ афзуд, ки мӯҳлати татбиқи ин лоиҳа 24 моҳ муайян карда шудааст. Ҳаҷми корҳои сохтмониву барқароркунӣ дар ин лоиҳа то 1 июли соли 2010 ба маблағи 12,492 млн. доллари ИМА иҷро карда шудааст. Дар ҳамаи қитъаҳои роҳ барои иҷрои корҳои  таҷдидӣ аз ҷониби  пудратчии асосӣ зиёда аз 312 механизму таҷҳизоти  гуногуни   роҳсозӣ сафарбар  шудаанд, инчунин 691  нафар мутахассисон  ва коргарон  ба кор ҷалб шудаанд, ки аз онҳо 197 нафарашон  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.   Маблағи умумии марҳилаи  якуми ин  лоиҳа 51 млн. 578  ҳазор доллари  ИМА-ро  ташкил медиҳад, ки аз он 49 млн. доллар қарзи Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой, 2.57 миллион доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.      

Июль 27, 2010 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад