ТАШКИЛИ ОДИЛОНАИ МАЪРАКАИ ИМТИҲОНОТ

Июль 29, 2010 11:11

Суғд, 29 июл.(АМИТ  “Ховар”, Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).-Дар ин рӯзҳо диққати раёсат ва аҳли Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба масъалаи бомуваффақият, шаффофу одилона ташкилу гузаронидани маъракаи имтиҳоноти қабул равона гардидааст. Дар иртибот ба ин аз ҳисоби мутахассисони масъулиятшиносу варзида дар донишгоҳ комиссияи босалоҳияти қабул фаъолияти хешро тибқи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ташкил карда, вобаста ба 17 ихтисос ба шӯъбаҳои рӯзонаю ғоибона  ва ба гурӯҳҳои русию тоҷикӣ қабули ҳуҷҷати довталабонро  ба роҳ мондааст. Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳ дар соли таҳсили 2010 – 2011 қабули 920 нафар довталабонро тасмим гирифтааст. Маъракаи супурдани ҳуҷҷатҳо аз ҷониби довталабон бомуваффақият ҷараён дорад.    

Июль 29, 2010 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон