ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНАИ МАКТАББАЧАҲО ЧӢ ГУНА МЕГУЗАРАД?

Июль 7, 2010 11:12

Душанбе, 7 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар  лагерҳои истироҳатӣ ва наздимактабии пойтахт басти дуюми истироҳати тобистонаи мактаббачагон оғоз ёфт. Сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов иттилоъ дод, ки дар басти якуми таътили тобистона беш аз 1000 нафар мактаббачагони пойтахт дар лагерҳои истироҳатии Зимчуруд, Шарора, Орзу ва Гулхан, ки дар дараи зебоманзари Варзоб воқеанд, ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Ин лагерҳо дар тавозуни чор ноҳияи пойтахт қарор доранд. Дар 38 лагери наздимактабии пойтахт бошад 1500 нафар толибилмон истироҳат карданд. Ш. Исломов афзуд, дар лагерҳои истироҳатӣ тамоми шароити мусоиди истироҳатию фароғатӣ ва варзишӣ  фароҳам оварда шуда, мактаббачагон чор вақт бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд. Бо мақсади хушу хотирмон гузаштани таътили тобистонаи бачаҳо Раёсати маорифи шаҳри Душанбе тадбирҳои мушаххас андешидааст. Дар назар аст, ки дар басти саввум бачаҳои болаёқати гимназияю литсейҳои шаҳр ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Инчунин, мактаббачагони пойтахт дар дигар лагеру истироҳатгоҳҳои тобистонаи  воқеъ дар дараҳои хушманзараи Варзоб, Ромит ва Алмосӣ таътили тобистонаи худро хушу гуворо мегузаронанд.

Июль 7, 2010 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад