ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ БАРОИ МАКТАБ-ПАРВАРИШГОҲИ ИСФАРА

Июль 19, 2010 15:04

Душанбе, 19  июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). – Дар Соли маориф ва фарҳанги техникӣ дар шаҳри Исфара барои хонандагони мактаб-парваришгоҳи махсуси кӯдакони қувваи босираашон суст толори нави варзишӣ сохта мешавад. Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бо ин мақсад қарори Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода «Оид ба ҷудо намудани маблағ»  баромад, ва мутобиқ ба он аз ҳисоби  буҷети вилоятӣ 64 ҳазору 961 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Ҳамчунин тибқи қарори мазкур,  барои харидани  100 адад рохҳат ба лагери «Сомониён»-и мавзеи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов барои кӯдакону наврасон аз оилаҳои камбизоат аз буҷети вилоятӣ 26 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шуд. Ҷудо гардидани маблағҳо барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон аз оилаҳои камбизоат ва дастгирии ҳамешагии мардуми ниёзманд аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, бозгӯи  татбиқи оқилонаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, қайд намуд дар охир манбаъ.                                                                                                                                    

Июль 19, 2010 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад