ТСЗО СЮЕЛЯН; «САФИРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ МАН ҶАҲОНИ ДИГАРЕРО БОЗ КАРД»
Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшода Ҷонмардова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон Тсзо Сюелян,ки мӯҳлати сафириаш дар кишвари мо ба охир расидааст, мулоқот кард. Тсзо Сюелян баъди анҷоми мулоқоташ бо Сарвари давлат зимни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон дар бораи натиҷаҳои он сухан ронд. Вай зикр намуд, ки зимни мулоқоти хайрбодӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин баҳои баланд дода шуд ва таъкид гардид, ки дар ин давра дар самти татбиқи барномаҳои муштараки бисёри Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои энергетика, истихроҷи маъдан ва нақлиёту коммуникатсия, ки аз самтҳои муҳими ҳамкории ду кишвар ба шумор мерафт, корҳои зиёде ба сомон расид.. Сафир афзуд, ки се соли сафириаш дар Точикистон барои ӯ ҷаҳони дигареро боз кард. Дар ин муддат муносибатҳои ду кишвар нисбат ба солҳои гузашта васеътару мукаммалтар гардиданд. Тсзо Сюелян зикр намуд, ки Тоҷикистон барои ӯ ватани дуюм гардидааст. Ин шаҳодати муносибатҳои ҳақиқатан дӯстонаи Тоҷикистон бо мардуми Чин мебошад Сафир зикр кард, ки новобаста аз вазифа ва фаъолияти ояндааш ҳама қудрату тавоноии худро сарф менамояд, то дӯстии Тоҷикистон бо Чин боз ҳам мустаҳкамтар гардад ва барои густариши ҳамкориҳои ду кишвар ҷаҳду талош хоҳад варзид.