ВАЗЪИ ИМРӮЗАИ КОРҲОИ САҲРОӢ ДАР ВОСЕЪ
Восеъ, 1 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар ҳудуди вилояти Хатлон ноҳияи Восеъ калонтарин ноҳияи пахтакор ба шумор рафта, ҳамасола кишоварзон аз рӯи нақшаи дурнамо дар майдони беш аз 8 ҳазор гектар замин кишти пунбадона мегузаронанд. Заҳматкашони хоҷагии деҳқонии «Салом» — и ноҳия дар баробари дигар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба саҳро баромада ба тоза ва тоқа кардани ниҳолҳои пахта шурӯъ карданд. Хоҷагии мазкур дорои 175 гектар замин буда кишоварзон дар майдони 105 гектар кишти навъҳои пунбадонаи 6530, «флора» ва «ирам»-ро гузаронида барои ба даст овардани ҳосили фаровон аҳлона меҳнат карда истодаанд. Мавриди зикр аст, ки оқилона истифодабарии замин ва рӯёнидани 2-3 ҳосил шиори ягонаи роҳбари хоҷагӣ ва аъзоёни ӯ буда, онҳо тасмим гирифтаанд баъди ҷамъоварии ғалла дар майдони 100 гектар замин кишти такрорӣ гузаронанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






