ВАЗЪИ МАЪЮБОН ДАР ТОҶИКИСТОН

Июль 6, 2010 09:14

Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 8 – уми июл чун Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади сари вақт ва босамар амалӣ гаштани ҳуқуқ ва манфиатҳои маъюбон ва пиронсолон дар ҷумҳурӣ 5 хона- интернати пиронсолон ва маъюбон, 2 хона – интернати беморони касалиҳои рӯҳӣ ва «Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасони «Чорбоғ», 6 маркази минтақавии хизматрасонӣ ба пиронсолону маъюбон, заводи протезию ортопедӣ бо филиалҳояш  дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хоруғ ва Хуҷанд, Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи ташхис ва барқарорсозии қобилияти кории маъюбон бо табобатгоҳҳо», 4 муассисаи истироҳатию табобатӣ ва 1 Муассисаи давлатии «Литсеи касбии махсуси маъюбон» фаъолият доранд. Ҳама ин аз ғамхорӣ ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи  маъюбон ва пиронсолон гувоҳӣ медиҳад,- иброз доштанд дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ   ба мухбири АМИТ «Ховар».

Июль 6, 2010 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад