ВОХӮРӢ ДАР КУМИТАИ АНДОЗ
Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева). – Дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ фаъолияти дурусти соҳибкории хурду миёна дар пешрафту тараққиёти иқтисодиёти давлат ва ғанӣ гардидани буҷет нақши муҳимро мебозад. Дар робита ба ин ва бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ва самаранок ба роҳ мондани ҳамкорӣ, роҳбарияти Кумитаи андоз бо масъулини бозорҳои пойтахт ва нозирони минтақавии нозироти андози ноҳияҳои шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрӣ нашондиҳандаҳои бозорҳои пойтахт дар қиёс бо соли гузашта мавриди баррасиӣ амиқ қарор гирифта, аз ҷумла зикр шуд, ки таҳлили вазъи андозбандии бозорҳои пойтахти кишвар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки на ҳамаи субъектҳои хоҷагидор шаффоф фаъолият менамоянд ва ӯҳдадориҳои андозии худро пурра иҷро менамоянд. Пас аз таҳлилҳои ҳамаҷониба муайян гардид, ки нишондиҳандаҳои пасттарин дар бозорҳои «Сафариён», «Зарафшон», «Шоҳмансур», «Дӯстӣ», «Варзоб», «Хонасоз» ва «Ҷал-Ҷам», дида мешавад, ки вазни қиёсии пардохти андозҳо нисбат ба даромади умумӣ ҳамагӣ аз 2 то 6 фоизро ташкил медиҳад. Дар як қатор бозорҳо тартиби дурусти истифодаи баҳисобгирии воқеии даромад аз ҳисоби иҷораи нуқтаҳои савдо, маблағҳои чекҳо ва дигар амалиётҳои андозбандишаванда, инчунин ҳисоб ва пардохти пурраи андозҳо ба талабот ҷавобгӯ намебошад. Нақши бозорҳо барои дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи давлат ва ривоҷи унсурҳои иқтисоди бозоргонӣ муҳим мебошад. Бинобар ин баргузории чунин вохӯриву сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ бо андозсупорандагон имкон фароҳам меорад, ки робитаи миёни соҳибкорону кормандони мақомоти андоз боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монда шуда, камбудиву нофаҳмиҳои ҷойдошта бартараф карда шаванд ва дар ин замина андозҳои ҷорӣ саривақт чамъоварӣ гарданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






