ВОХӮРӢ ДАР КУМИТАИ АНДОЗ

Июль 8, 2010 15:52

Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева). –  Дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ фаъолияти дурусти соҳибкории хурду миёна дар пешрафту тараққиёти иқтисодиёти давлат ва ғанӣ гардидани буҷет нақши муҳимро мебозад. Дар робита ба ин ва бо мақсади дар сатҳи  зарурӣ ва самаранок ба роҳ мондани ҳамкорӣ, роҳбарияти Кумитаи андоз бо масъулини бозорҳои пойтахт ва нозирони минтақавии нозироти андози ноҳияҳои шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрӣ нашондиҳандаҳои бозорҳои пойтахт дар қиёс бо соли гузашта мавриди баррасиӣ амиқ қарор гирифта, аз ҷумла зикр шуд, ки таҳлили вазъи андозбандии бозорҳои пойтахти кишвар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки на ҳамаи субъектҳои хоҷагидор шаффоф фаъолият менамоянд ва ӯҳдадориҳои андозии худро пурра иҷро менамоянд. Пас аз таҳлилҳои ҳамаҷониба муайян гардид, ки нишондиҳандаҳои пасттарин дар бозорҳои «Сафариён», «Зарафшон», «Шоҳмансур», «Дӯстӣ», «Варзоб», «Хонасоз» ва «Ҷал-Ҷам», дида мешавад, ки вазни қиёсии пардохти андозҳо нисбат ба даромади умумӣ ҳамагӣ аз 2 то 6 фоизро ташкил медиҳад. Дар як қатор бозорҳо тартиби дурусти истифодаи баҳисобгирии воқеии даромад аз ҳисоби иҷораи нуқтаҳои савдо, маблағҳои чекҳо ва дигар амалиётҳои андозбандишаванда, инчунин ҳисоб ва пардохти пурраи андозҳо ба талабот ҷавобгӯ намебошад. Нақши бозорҳо барои дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи давлат ва ривоҷи унсурҳои иқтисоди бозоргонӣ муҳим мебошад. Бинобар ин баргузории чунин вохӯриву сӯҳбатҳои  рӯ ба рӯ бо андозсупорандагон имкон фароҳам меорад, ки робитаи миёни соҳибкорону кормандони мақомоти андоз боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монда шуда, камбудиву нофаҳмиҳои ҷойдошта бартараф карда шаванд ва дар ин замина андозҳои ҷорӣ саривақт чамъоварӣ гарданд.

Июль 8, 2010 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад