ЯГОН БЕМОРИИ ФАЛАҶ БА ҚАЙД ГИРИФТА НАШУДААСТ
Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 13 июл дар Вазорати тандурустии кишвар фаъолияти нимсолаи аввали кормандони соҳаи тиб мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки феълан дар соҳаи тандурустии кишвар намояндагии зиёда аз 16 институти байналмилалии молиявӣ ва 24 ташкилоти байналмилалӣ фаъолият мекунанд, ки дар маҷмӯъ 31 лоиҳаи инвеститсиониро амалӣ карда истодаанд. Ҳамаи ин лоиҳаҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳдошти сиҳатии омма роҳандозӣ мешавад, таъкид шуд дар нишаст. Дар давраи ҳисоботӣ дар қаламрави кишвар марафони навбатии донор гузаронида шуда, дар ин маърака бештар аз 2 ҳазору 300 нафар шаҳрвандон иштирок ва ба тариқи ихтиёрӣ хун супориданд. Зимни суолу ҷавобҳо хабарнигорон бештар атрофи пайдоиши бемории фалаҷ, ки ба ҳамин давра рост омад, таваҷҷух зохир намуданд. Қайд шуд, ки аз таърихи 23 июни соли ҷорӣ то кунун ягон ҳодисаи бақайдгирии бемории фалаҷ ба назар нарасидааст. Дар давраи ислоҳотӣ вазъи санитарию эпидемиологии кишвар хуб арзёбӣ шуда, шумораи чунин бемориҳо дар қиёс ба соли қаблӣ ба маротиб кам аст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






