ЯГОН БЕМОРИИ ФАЛАҶ БА ҚАЙД ГИРИФТА НАШУДААСТ

Июль 16, 2010 12:25

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – 13 июл дар Вазорати тандурустии кишвар фаъолияти  нимсолаи аввали кормандони соҳаи тиб мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид шуд, ки феълан дар соҳаи тандурустии кишвар намояндагии зиёда аз 16 институти байналмилалии молиявӣ ва 24 ташкилоти байналмилалӣ фаъолият мекунанд, ки дар маҷмӯъ 31 лоиҳаи инвеститсиониро амалӣ карда истодаанд. Ҳамаи ин лоиҳаҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳдошти сиҳатии омма роҳандозӣ мешавад, таъкид шуд дар нишаст. Дар давраи ҳисоботӣ дар қаламрави кишвар марафони навбатии донор гузаронида шуда, дар ин маърака бештар аз 2 ҳазору 300 нафар шаҳрвандон иштирок ва ба тариқи ихтиёрӣ хун супориданд. Зимни суолу ҷавобҳо хабарнигорон бештар атрофи пайдоиши бемории фалаҷ, ки ба ҳамин давра рост омад, таваҷҷух зохир намуданд. Қайд шуд, ки аз таърихи 23 июни соли ҷорӣ то кунун ягон ҳодисаи бақайдгирии бемории фалаҷ ба назар нарасидааст. Дар давраи ислоҳотӣ вазъи санитарию эпидемиологии кишвар хуб арзёбӣ шуда, шумораи чунин бемориҳо дар қиёс ба соли қаблӣ ба маротиб кам аст.

Июль 16, 2010 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид