ҲИНДУСТОН БА ЗАРАРДИДАГОН КӮМАК МЕРАСОНАД

Август 13, 2010 15:20

Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар» Фирдавс Таваров).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз эътиборномаи Сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситх Бхатарджиро қабул намуд. Сафири Ҳиндустон баъди анҷоми мулоқоташ бо сардори давлат зимни сӯҳбати мухтасар ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб дод. Вай зикр кард, ки зимни сӯҳбат бо сардори давлат масъалаҳои марбут ба ривоҷ додани муносибатҳои дуҷониба ва хамкории Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Сафири Ҳиндустон ба Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки ҳукумати мамлакаташ барои расонидани кӯмак ба сокинони маҳалҳои аҳолинишини бар асари боронҳои тӯлонӣ ва  обхезӣ дар фасли баҳори соли равон зарардида 200 ҳазор доллари ИМА ҷудо кардааст. А. Бхатарҷи изҳор намуд, ки инчунин масъалаҳои равнақу ривоҷи минбаъдаи муносибатҳо ва ҳамкории ҳарду кишвар дар соҳаҳои ҳамкорӣ дар бахши технологияҳои иттилоотӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани захираҳои обу энергетика, ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Август 13, 2010 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад