ҲИНДУСТОН БА ЗАРАРДИДАГОН КӮМАК МЕРАСОНАД
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар» Фирдавс Таваров).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз эътиборномаи Сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситх Бхатарджиро қабул намуд. Сафири Ҳиндустон баъди анҷоми мулоқоташ бо сардори давлат зимни сӯҳбати мухтасар ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб дод. Вай зикр кард, ки зимни сӯҳбат бо сардори давлат масъалаҳои марбут ба ривоҷ додани муносибатҳои дуҷониба ва хамкории Тоҷикистону Ҳиндустон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Сафири Ҳиндустон ба Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки ҳукумати мамлакаташ барои расонидани кӯмак ба сокинони маҳалҳои аҳолинишини бар асари боронҳои тӯлонӣ ва обхезӣ дар фасли баҳори соли равон зарардида 200 ҳазор доллари ИМА ҷудо кардааст. А. Бхатарҷи изҳор намуд, ки инчунин масъалаҳои равнақу ривоҷи минбаъдаи муносибатҳо ва ҳамкории ҳарду кишвар дар соҳаҳои ҳамкорӣ дар бахши технологияҳои иттилоотӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани захираҳои обу энергетика, ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






