Ҳ. ЗАРИФӢ БА ТОШКАНД РАФТ
Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Рахимова).- Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 6 август барои иштирок дар машварати сеюми вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои иштироккунандаи машварати «Осиёи Марказӣ-Ҷопон» ба Тошканд рафт. Дар машварат масъалаҳои ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ бо Ҷопон, аз ҷумла рафти иҷрои нақшаҳои машваратӣ «Осиёи Марказӣ-Ҷопон» баррасӣ карда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ҳамрохон Зарифӣ зимни сафар бо вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов ва Ҷопон Окада Катсуя мулоқот хоҳад кард.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






