ҶАМЪОМАДИ ИДОНА ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Август 18, 2010 14:20

Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз кормандони соҳаи тандурустии ҶТ иди касбии худ-рӯзи кормандони тиб ва 1030 солагии зодрӯзи асосгузори тибби ҷаҳон, донишманд, табиб ва олими ҳамадон Бӯалӣ ибни Синоро таҷлил намуданд. Субҳи имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷамъомади идона баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти шаҳри Хуҷанд хабар доданд, раиси шаҳри Хуҷанд Содиқҷон Мирхолиқов дар ҷамъомад баромад намуда ҳамаи кормандони соҳаи тибро бо иди касбиашон табрик гуфта, бо Ифтихорномаи фахрӣ ва Раҳматномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонид. Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии ҶТ пиромуни соҳаи тиб, хизматрасонии тиббӣ дар мувофиқа бо талаботи давру замон таъкид шудааст. Дар се соли наздик (2009-2011) дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сохтмон ва азнавтармимкунии қариб 400 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла муассисаҳои тиббию санитарии ёрии аввалин ба нақша гирифта шудааст.  Сохтмон ва азнавтармимкунии муассисаҳои тиббии зикргардида аз ҳисоби буҷети давлатӣ, маҳаллӣ ва маблағҳои лоиҳаҳои инвеститсионӣ сохта шуда, сохтмони ин иншоот барои беҳтар гардонидани зиндагии мардум ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ равона шудааст.              

Август 18, 2010 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад